- гӯр
- I[گور]ҷое, ки мурдаи одамро дафн мекунанд, дахма, сағона, қабр, марқад, мадфан, турбат; гӯру кафан воситаҳои зарурии маросими дафн; гӯру чӯб ниг. гӯру кафан; гӯру чӯб кардан ниг. гӯр кардан; гӯру қиёмат д. тарси азоби гӯр ва ҷазои рӯзи қиёмат; гӯр кардан а) дафн намудан, ба хок супурдан, гӯронидан (мурдаро); б) зери хок (ё зери чизи хокае) пинҳон кардан, рӯи чизеро пӯшондан◊ гӯр ба сари… ниг. гӯр ба чизе; бало ба паси… гӯр ба чизе лаънат ба чизе, марг ба чизе (таъбири дашном, изҳори норозигӣ ва нафрат аз чизе); гӯр кандан ба касе // гӯр кофтан барои касе васоили ҳалокати касеро омода сохтан, барои марги касе кӯшидан; гӯр шудан а) дар зери чизе нопадид шудан, худро дар таги чизе пинҳон кардан: дар қум гӯр шудан; б) пур шудани ҷӯй, ҳавз ва м. инҳо бо гилу хок ва ғ. ; гӯру кафан наёбад! хору зор бимирад!, кафангадо шавад! (таъбири дашном); гӯри кӯҳнаро кофтан воқеаи гузаштаро ба ёд овардан (хусуматҷӯёна ё даъвоталабона); назири коҳи кӯҳнаро бод додан; аз кадом гӯр пайдо шуд? аз куҷо омад?, чӣ тавр пайдо шуд?; ба гӯри худ гирифта намебарам ҳеҷ ҷо бурданӣ нестам, ҳеҷ ҷо бурда наметавонам; (ба) ҳеҷ гӯр намеравад ҷои рафтан надорад, ба ҳеҷ куҷо намеравад; дар гӯраш осуда бихобад ба поси хотираш зараре нарасад, кас ӯро (пас аз марг) ба бадӣ ёд накунадII[گور]ниг. гӯрхар
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.